Кушта шудани сафири Русия дар Туркия

Радиои Озодӣ

Вазорати корҳои хориҷии Русия тасдиқ кардааст, ки сафири ин кишвар дар Туркия дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона кушта шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, расонаҳои Русия аз қавли Мария Захарова, сухангӯи ин ниҳод навиштаанд, Андрей Карлов пас аз чанд лаҳзаи тирандозӣ даргузашт. Мария Захарова ҳодисаи куштори сафирро "як ҳодисаи террористӣ" ва як "рӯзи фоҷеабор дар таърихи […]

Вазорати корҳои хориҷии Русия тасдиқ кардааст, ки сафири ин кишвар дар Туркия дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона кушта шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, расонаҳои Русия аз қавли Мария Захарова, сухангӯи ин ниҳод навиштаанд, Андрей Карлов пас аз чанд лаҳзаи тирандозӣ даргузашт.

Мария Захарова ҳодисаи куштори сафирро "як ҳодисаи террористӣ" ва як "рӯзи фоҷеабор дар таърихи дипломатияи Русия" номидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин кушторро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гуфтаи хабаргузории Reuters шахси ҳамлагар, ки бо шиори "Ҳалабро фаромуш накунед" ба сӯи сафири Русия тир кушод, ходими пулиси Анкара буд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин кушторро ба ӯҳда нагирифтааст. Полиси Туркия кофтукоби манзили шахси ҳамлагарро шурӯъ кардаст.

Аз ин пеш вебсайти рӯзномаи англисизабони "Ҳуррият" навишт, ки рӯзи 19 декабр ҳангоми суханронии Андрей Карлов дар осорхонае дар Анкара ба самти ӯ тир андохтанд ва се нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории ТАСС гуфт, сафир, дар вазъи “бисёр вазнин” ба шифохона интиқол ёфт ва дар он ҷо ҷон дод.

https://www.youtube.com/watch?v=ZtoM8BjmAhU

Матбуоти интернетии туркӣ шаҳодати онро ёфтааст, ки воқеан ҳам ҳамлагар як ходими полис буд. Исми ӯро Мавлуд Мард Олтинтош, соли таваллудаш 1994 меноманд, ки собиқаи корӣ дар полиси Измир ва Анкараро доштааст. Мегӯянд, ба ҳангоми ҳамла амнияти бинои осорхонаро танҳо полиси Туркия таъмин мекард ва сафири рус бидуни муҳофизонаш ба ин ҷо омада буд.

Хабаргузории русии ТАСС гуфт, ки зимни суханронии Андрей Карлов дар намоишгоҳи аксҳои "Русия аз назари туркҳо" дар Осорхонаи санъати муосир, як нафар ба тирандозӣ шурӯъ кард.

Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш, ҳамла ба сафирро маҳкум мекунад. Хабаргузории "Анадолу" гуфт, ки ҳамлаварро нерӯҳои амниятӣ "нобуд" кардаанд, вале ҷузъиёте надод. CNN Турк як аксеро намоиш дод, ки дар толори осорхона як нафари олуда ба хун рӯи фарш афтодааст.

РИА Новости, хабаргузории давлатии Русия видеоеро аз шабакаи Ютюб нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, як ҷавон аз пушт ба Андрей Карлов тир меандозад ва ангушташ ба сӯи боло бо забони туркӣ гап мезанад ва сипас чанд тири дигар ба самти муқобил холӣ мекунад. Сафир баъди тирандозӣ рӯи фарш беҳаракат меафтад.

Аксбардори Ассошиейтед Пресс, ки дар осорхона будааст, мегӯяд, фарди ҳамлавар либоси расмӣ ва гарданбанд дошт ва ҳангоми андохтани дасти кам 8 тир "Аллоҳу Акбар" нидо мекард. Сухангӯи ҳукумати Русия гуфт, ки раиси ҷумҳур Владимир Путинро аз ҳодиса огаҳ кардаанд.

Русия аз шарикони наздики президент Башор Асад аст ва ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар берун кардани шӯришгарон аз Ҳалаб нақши калидӣ доранд.

Телевизиони "Россия 24" гуфт, Карлов соли 1954 тавашшуд шуда як дипломати собиқадор буд. Ӯ аз соли 1976-ум дар вазорати хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Раҳбарии сафорати Русия дар Анкараро соли 2013 ба ӯҳда гирифт.

Ин куштор рӯзе пеш аз мулоқоти вазирони хориҷаи Русия, Туркия ва Эрон дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ки мавзӯи аслиаш баррасии вазъи Сурия будааст. Аз сентябри соли 2015 Русия дар Сурия амалиёти ҳарбии ҳавоиро ба пуштибонӣ аз режими президент Башор Асад бар зидди шӯришиёни мухолифи ӯ шурӯъ кардааст. Эрон, ки аз муттафиқони Русия мебошад, ҳамчунин як пуштибони Асад аст ва Туркия баръакс, аз душманони Асад пуштибонӣ мекунад.

Робитаҳои сиёсии миёни Маскав ва Анкара дар ин охирҳо наздиктар шуд ва Русия гуфт, ки хостори тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ бо Туркия мебошад. Вале айни замон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурияро "шубҳаангез" номидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад