Пешгирии кӯшиши интиқоли 208 кило ҳашиш ба Русия

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон беш аз 200 кило маводи мухаддирро, ки барои ба Русия интиқол додан пешбинӣ шуда буд, мусодира намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила гурӯҳи қочоқбар безарар гардонида шудааст. «Кормандони Агентӣ муддати дароз гурӯҳи муташаккили байналмилалии ҷиноятпешаро коркард намуданд, ки ба муомилоти ғайриқонуни […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон беш аз 200 кило маводи мухаддирро, ки барои ба Русия интиқол додан пешбинӣ шуда буд, мусодира намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила гурӯҳи қочоқбар безарар гардонида шудааст. «Кормандони Агентӣ муддати дароз гурӯҳи муташаккили байналмилалии ҷиноятпешаро коркард намуданд, ки ба муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар даст зада, интиқоли онро аз ҳудуди Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон, ва аз Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба роҳ монда буданд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, ба гурӯҳи мазкур шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон шомил буда, маълумоти оперативӣ дастрас гардидааст, ки рӯзҳои наздик маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.

«Рӯзи 13 декабри соли ҷорӣ кормандони Агентӣ ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе автомашинаи “Опел-Астра”-ро, ки онро истиқоматкунандаи шаҳри Кобул, шаҳрванди 30-солаи Афғонистон Сиддиқи Муҳаммад Зирак идора мекард, боздошт ва ҳангоми кофтуков аз автомашинаи мазкур 7 халтаи полиэтилении дорои 208 кило маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира карданд», – қайд мешавад дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ ба гумони даст доштан ба ҷинояти мазкур ҳаммаслаки ӯ – сокини 48-солаи пойтахт Нуралӣ Бобоев бо тахаллуси “Нури Қарағоч” боздошт гардида, дар ҷараёни тафтиши пешакӣ маълум шудааст, ки боздоштшуда автомашинаи худро ба шаҳрванди Афғонистон бо мақсади дастрас намудани маводи нашъаовар дода будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ қарор дошта, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот давом дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, айни ҳол ҷиҳати муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи ин гурӯҳи муташаккил тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.