Мақомоти пулис ду нафар мардеро ҷустуҷӯ дорад, ки 30 декабр аз шаҳри Чита ба ноҳияи Красночикойск раҳсипор шуда, то ҳол барнагаштаанд.
Хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти мақомоти пулиси минтақаи Забайкал менависад, шаҳрвандони Тоҷикистон Тошпулод Тошпулодови 56-сола ва Бурҳон Гадоеви 31-сола 30-юми декабр дар роҳ аз Чита ба ноҳияи Красночикойск бедарак шудаанд.
“Онҳо бо мошини “Mitsubishi Canter”-и сафед, рақами давлатияш Е946НХ75 аз анбори тиҷории кӯчаи Лаза берун шуда, бо худ маблағи нақд ва ҳуҷҷатҳо доштаанд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, мошини мазкур аз ҷониби дастгоҳҳои назоратӣ шоми 30-юми декабр дар роҳи Чита-Иркутск сабт шуда, тибқи маълумоти охир тоҷирон дар ҳудуди деҳаи Улёти Забайкал бедарак шудаанд.


