Иштироки футзалистони ҷавони тоҷик дар аввалин Чемпионати Осиё

Даври финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал (футболи хурд) миёни дастаҳои мунтахаби синни то 20-сола, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат меварзад, имсол дар Таиланд доир мегардад. Дар аввалин Чемпионати Осиё-2017 миёни ҷавонон оид ба футболи хурд, ки аз 9 то 21 май баргузор мешавад, 22 дастаи ҳайаташон иборат аз бозигарони соли таваллудашон на […]

Asia-Plus

Даври финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал (футболи хурд) миёни дастаҳои мунтахаби синни то 20-сола, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат меварзад, имсол дар Таиланд доир мегардад.

Дар аввалин Чемпионати Осиё-2017 миёни ҷавонон оид ба футболи хурд, ки аз 9 то 21 май баргузор мешавад, 22 дастаи ҳайаташон иборат аз бозигарони соли таваллудашон на болотар аз соли 1997 иштирок мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ чор гурӯҳ – дутоаш иборат аз 6 даста ва дутоаш – 5 даста ташкил гардида, ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо қувваозмоиҳо барои дарёфти медалҳоро идома медиҳанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонр ба ин мусобиқа Пайрав Воҳидов омода мекунад. То оғози мусобиқа дар Таиланд футболбозони ҷавони тоҷик як қатор вохӯриҳои тамриниву дӯстона баргузор мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.