Ду нафар зери тарма мондаву се тан дар садамаи нақлиёт ҳалок шуданд

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта ду сокини Рашт зери тарма мондаву 3 нафари дигар дар садамаи нақлиёт ҳалок шудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10 январ мардони 22 ва 25-солаи сокинони ноҳияи Рашт барои ҷамъоварии ҳезум ба мавзеи “Сари обпар”-и ноҳияи мазкур рафтаанд.

«Зимни ҷамъоварии ҳезум ногаҳон аз кӯҳ тарма фаромада, онҳо зери тарма мондаанд. Дар натиҷа ҷавони 22-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавони 25-соларо сокинони маҳаллӣ наҷот додааанд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Қубодиён ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Равшанободи ноҳияи мазкур, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ ЭСПЕРО”, таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Файзобод бархӯрдааст.

«Дар натиҷа, ронандаҳои ҳар ду автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ду нафар ҷавони 23 ва 22-солаи сокинони ноҳияи Қубодиён ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд», – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки  ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе дар наздикии ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: ду нафар ҷавони 19 ва 23-солаи сокинони ҷамоати деҳоти мазкурро пахш намудааст.

«Дар натиҷа, ҷавони 19-сола бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, пиёдагарди дигар дар беморхона бистарӣ гардидааст», – гуфта мешавад дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.