Хутбаи никоҳро танҳо имом-хатибон мехонанд

Asia-Plus

Кумита оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хостори он аст, ки барои анҷоми расми никоҳ танҳо ба имом-хатибони масҷидҳо иҷозат дода шавад. Муллоҳо (рӯҳониёни ғайрирасмӣ)-ро барои ин амал Кумита ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карданист.

Зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумита Ҷумъахон Ниёзов дар ин робита изҳор намуд, ки ҳанӯз ду сол қабл Кумита ба ҳамаи имом-хатибони масҷидҳо дастур дода буд, ки дафтаре боз намуда, дар он ному насаби шахсонеро, ки никоҳ кардаанд, қайд кунанд.

«Ин дастур барои он дода шуд, ки аз ҳодисаҳои такрор шудани никоҳ аз ҷониби мард ё никоҳи ноболиғон пешгирӣ шавад», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ба имом-хатибон дастур дода шудааст, ки танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷат аз идораи САҲШ маросими никоҳро анҷом диҳанд ва имом-хатибоне, ки ин дастурро сарфи назар кардаву мардро бо зани дуюму сеюм никоҳ кардаанд, аллакай аз мансабҳояшон барканор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи намояндаи Кумитаи дин, айни замон бештар рӯҳониёни ғайрирасмӣ – муллоҳо бидуни бекор шудани ақди никоҳи пештара мардонро такроран никоҳ мекунанд.

Сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров дар мавриди ин масъала зикр кард, ки ҳарчанд дастури Кумита асосҳои қонунӣ надошта бошад ҳам, муллое, ки маросими никоҳро анҷом додаву он муайян карда шудааст, огоҳ карда мешавад, вале дар ин ҳолатҳо мулло ҳеҷ масъулияте надорад.

«Айни замон дар Кумита ба ҳаллу фасли ин масъала, яъне чӣ гуна ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардани ин муллоҳо машғул аст», – афзуд Шокиров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...