Шабдолов дубора ба раҳбарияти Ҳизби коммунист баргаштанӣ нест

Хабаргузории "Озодагон"

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) гуфтааст, дигар ҳеч гоҳ ба раҳбарии ин ҳизб барнамегардад, зеро мехоҳад аз хушомадгӯию дурӯягӣ канор бошад.

Шабдолов чанде пеш дар суҳбат бо “Озодагон” аз афзоиши чоплусӣ ва нақзи оинномаи ҲКТ интиқод карда, афзудааст, ки то охири умр узви ҳизб боқӣ мемонад, аммо ба Кумитаи марказии он барнамегардад:

“Ман дигар нахостам бо он рафиқҳое, ки рӯирост ба ҳизб ва платформа ва мавқеъгиии ҳизб хиёнат карданд, ҳамнишин бошам. Аз ин рӯ дар охирин анҷуман бо нишони эътироз гуфтам, ки дигар ин ҷо истода наметавонам. Дар ҳизб дурӯяҳо зиёданд ва ман дар ақидаам устувор буда, дигар барнамегардам”, – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Шабдолов роҳбарияти ҲКТ аз мавқеи марксистӣ сарфи назар кардааст, вале бо хушомадгӯӣ ва тамаллуқ обрӯй нахоҳад ёфт.

Ӯ илова кардааст, тарафдори он аст, ки дар ҳизб ҷавонҳои донишманд зиёд бошад: “Раҳбарияти ҳизброо танҳо анҷуман интихоб мекунад. Барои раиси ҳизб бояд сиёсатшиносу таърихдон буд. Худи Азимҷон Насимов, барои ҷавон кардани ҳайат гап мезанад, вале синну соли худаш аз 80 боло рафтааст”.

Ёдрас мекунем, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Мирзоазим Насимов пештар изҳор дошта буд, ки эҳтимоли ба роҳбарии ҳизб баргаштани сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов ба сифр баробар аст.

Қобили зикр аст, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли гузашта муддати солҳои тӯлонӣ муовини аввали ӯ Исмоил Талбаков раиси ҲКТ интихоб шуд.

Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Талбаков 2 июли соли 2016 пешвои нави коммунистон интихоб шуда, дар ин мансаб Шодӣ Шабдолови 73-соларо иваз кард, ки тӯли 25-соли ахир сарварии ин ҳизбро бар дӯш дошт. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.