Ташрифи ҳайати Ҳизби коммунисти Чин ба Тоҷикистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нимаи ҳамин моҳ (13-16 январ) як ҳайати Ҳизби коммунисти Чин таҳти сарварии муовини дабири кулли кумитаи доимии Маҷлиси умумучинии вакилони мардумӣ Шен Чуняо ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи сафари коммунистони Чин ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳо бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва омӯзиши таҷрибаи ҳизби ҳокими кишвар дар кор бо интихобкунандагон аст.

«Дар Китобхонаи миллӣ вохӯрии муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода бо коммунистони Чин баргузор шуда, дар он роҳу воситаҳои густариши харчи бештари робитаҳои ҳарду ҳизб баррасӣ мешаванд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳайати коммунистни Чин ҳамчунин бо макони таърихиву фарҳангии Душанбе аз наздик ошно гардида, аз Қалъаи Ҳисор низ боздид хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҲХДТ бо ҳизбҳои ҳокими Русия – «Единая Россия», Қазоқистон – «Нур Отан», Озарбойҷон – «Ени Озарбойҷон» ва Ҳизби коммунисти Чин ҳамкориҳои пурсамар ба роҳ мондааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...