Нобуд шудани беш аз 38 тонна дорувории пастсифат

Asia-Plus

Соли гузашта аз дорухона ва бозорҳои Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор номгӯи воситаҳои дорувории тиббии барои саломатии инсон хатарнок аз фурӯш гирифта шудааст.

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки соли сипаришуда Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтӣ 1 ҳазору 470 корхонаҳои фармасевтӣ ва 200 муассисаҳои муолиҷавиро мавриди санҷиш қарор дода, аз рӯи натиҷаҳои санҷиш фурӯши 1545 номгӯи доруворӣ ва маводи тиббӣ бо шумори 152,5 ҳазор дона манъ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, 685 номгӯӣ доруворӣ ва маводи тиббӣ (8,6 ҳазор дона) барои гузаштани муҳлати истифода ва 853 номгӯй (143,5 ҳазор дона) – барои мавҷуд набудани сертификати меъёри сифат аз фурӯш гирифта шуда, боз 7 номгӯи маводи доруворӣ (371 адад) тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид шудааст.

«Соли гузашта дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон зиёда аз 38 тонна доруворӣ ва маводи тиббии пастсифате, ки ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ набуданд, мусодира ва аз фурӯш гирифта шуданд», – афзуд муовини аввали вазир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...