Писари дуюм дар оилаи Ноза Абдулвосиева ва Александр Гордон

Date:

Дар оилаи шореҳи шабакаҳои телевизиони Русия Александ Гордони 52-сола ва ҳамсари ӯ – Ноза Абдулвосиеваи 22-сола писари дуюм ба дунё омад. Писари якуми онҳо айни замон 2-сола аст.

Табиби маркази солимӣ Татяна Нормантович дар Instagram  навиштааст, Александр Гордон ҳамсарашро ҳамаҷониба дар давраи ҳомиладориаш дастгириву парасторӣ кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бибикалони тифл нависандаи маъруф Зулфия Миршакар ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки вазъи солимии модару тифл хуб буда, онҳо аллакай ба хона оварда шудаанд.

«Мо беҳад хушбахтем! Дидани абера бахти хеле бузур аст! Мо умедворем, ки чабераро ҳам бубинем, зеро бобокалони набераҳои мо – Боқӣ Аҳадов имсол 95-сола мешавад», – иброз дошт Зулфия Миршакар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гордон бо писараш Александр

Гордон бо Ноза, донишҷӯӣ Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография (ВГИК) дуним сол қабл издивоҷ кард. Ҳамсари Гордон -набераи коргардон, арбоби шоистаи санъати Русия ва Тоҷикистон, академики «Ника», узви Раёсати Гилдияи коргардонҳои кинои Русия Валерий Аҳадов ва нависанда Зулфия Миршакар, ҳамчунин абераи шоири маъруф ва арбоби давлативу ҷамъиятӣ Мирсаид Миршакар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бобокалону бибикалони хушбахт Валерий Аҳадов ва Зулфия Миршакар

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...