Таъини роҳбари нав ба Агентии мубориза бо коррупсия

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат як катор кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таъиншударо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти ҶТ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид – Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Худоёрзода Худоёр Завқибек – Вазири нақлиёти ҶТ, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Султонзода Сулаймон Саид – Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Нурзода Тоҳир Сироҷиддин – муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ва Имомназар Хоҷаназар Лутфулло – иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ таъин гардиданд.

Пешниҳоди Президенти ҶТ дар бораи аз вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби ҶТ озод кардани Давлатзода Дилмурод Ашурбек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ва пешниҳод дар бораи Раиси Палатаи ҳисоби ҶТ таъин намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ манзур карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон – муовини Вазири нақлиёт, Одиназода Азиз Абдусаттор, Камолзода Мирҳамуддин – муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  Назарзода Ризо Шодик-муовини якум ва Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ – муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Набизода Мадина Раҳмат – Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд”, Шарифзода Маҳмадзариф Раҳмон – Директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии “Тиллои тоҷик” ва Пиризода Ҷалил Сафар – Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва Амри Президенти ҶТ Ёрова Зулфия Маҳманабиевна аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти ҶТ, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор аз вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Пиризода Ҷалил Сафар аз вазифаи Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии ҶТ бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.

Муинова Матлуба Сайфиддиновна аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” ва Асоев Асват Раҳимович аз вазифаи муовини Директори Агентии омори назди Президенти ҶТ бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ ба вазифаҳои Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва Варзоб кадрҳои соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як кадри ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъингардида, ки аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...