Барои азхудкунии заминҳои азхуднашудаи Тоҷикистон миллионҳо сармоягузорӣ зарур аст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Омили муҳими рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав ба шумор рафта, барои ин сармоягузориҳои бузург зарур аст ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар ин самт бо сармоягузорони Чин ҳамкорӣ доранд.

Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба обёрии заминҳои ноҳияи Данғара ва таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва ғайра дар якчанд марҳила амалӣ мешавад.

«Дар Тоҷикистон барои азхудкунии беш аз 800 ҳазор гектар замин имконият мавҷуд буда, дар ин самт ба чунин корҳо дар заминҳои Данғара, Бешкент ва Қарадум (ноҳияи Ҷайҳун) дар ҷануби ҷумҳурӣ тақвият бахшидан зарур аст, ки аз онҳо метавон ҳосили хуби шолӣ, пахта, зироати ғалладона ва сабзавот ба даст овард», – гуфт директори Агентӣ.

Ба гуфтаи Холмурод Раҳмон, Тоҷикистон алҳол ба обёрии заминҳои партов ва биёбон мустақилона имкону заминаи моддиву техникӣ надорад ва дар тавозуни шуъбаҳои хоҷагии оби минтақавӣ барои обёрӣ кардани заминҳои нав техникаҳои муосир мавҷуд нестанд.

«Айни замон беш аз 280 ҳазор гектари замин дар Тоҷикистон тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, онҳо барои интиқоли 1 метри мукааб об 0,263 кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунанд ва хоҷагиҳои об ҳамагӣ 61%-и маблағи оби истифодашударо ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин дар навбати худ ба он оварда расонид, ки Агентӣ ба энергетикҳо ба маблағи умумии 75 млн. сомонӣ қарздор шуд ва қарзи дебитории худи Агентӣ бошад, ҳудуди 90 млн. сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки арзиши миёнаи 1 гектар замин вобаста ба минтақаҳо аз 10 то 20 ҳазор долларро ташкил дода, бо назардошти сохтмони низомҳои бузурги обёрӣ, ин рақам се-чор маротиба зиёд мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.