Сабабҳои қатъи сартосарии барқ дар моҳи октябр то ҳанӯз маълум нест

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Комиссияи ҳукумат то ҳол ба ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида бар асари садамаи бузаргмиқёс дар шабакаҳои барқи Тоҷикистон машғул аст, ки охири моҳи октябри соли гузашта рух дода буд. Дар бораи сабабҳои он то ҳол маълумоти мушаххас дода намешавад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 24 январ дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар ин робита хабар дод, ки зиёни расида дар натиҷаи ин садамаро гурӯҳи корӣ, ки аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иборат аст, мавриди ҳисобу китоб қарор додааст.

«Садама шомгоҳон рух дода, дар ин вақт аксари корхонаҳои ҷумҳурӣ кор намекарданд, – иброз дошт вазир. – Аз ин садама шояд ба «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) зиёни зиёд расида бошад, зеро он шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Ин ширкат маълумоти худ дар ин хусусро пешниҳод карда, гурӯҳи корӣ онро омӯхта истодааст».

Ӯ аз сабабҳои рух додани ин садама мушаххасан маълумот надода, танҳо зикр кард, ки дарҳол баъди рӯзи дигари садама комиссияи махсус таъсис дода шуда, ба ошкор кардани сабабҳои ин ҳодиса машғул мебошад.

«Камбудиҳо дар ин самт ошкор ва бартараф карда шуданд, – гуфт ӯ ва тавсия дод, ки барои дарёфти маълумоти бештар муфасал ба ширкати «Барқи тоҷик» муроҷиат кардан зарур аст. – Барои минбаъд такрор нашудани чунин ҳодисаҳо, талаботи тендерӣ ба ширкатҳоеро, ки ба овардани таҷҳизоти электроэнергетикӣ ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ машғуланд, пурзӯр кардан зарур аст».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 октябр қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Қаблан аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дода буданд, ки ин ҳолати ғайримунтазира дар Тоҷикистон бинобар сабаби бозистии агрегатҳои нерӯгоҳи Норак ба иллати носозиҳо дар низоми энергетикии кишвар ва таври автоматӣ ба кор даромадани низоми зиддисадамавӣ ба вуҷуд омад.

«Бо ин сабаб соати 18:29 дақиқаи рӯзи 28 октябр қариб ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли барқ қатъ шуд. Танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқ таъмин буд», – гуфта буд ба «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи бонавбат дубора ба кор даровардани агрегатҳои нерӯгоҳ ва таъмини кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, марҳила ба марҳила интиқоли барқ барқарор карда шуд.

«Шоми ҳамон рӯз раиси ширкат Мирзо Исмоилзода тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ин вазъро шарҳ дода, барои рӯйи кор омадани чунин ҳолати ногувор аз аҳолӣ маъзарат хост», – иттилоъ дод Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки пештар ҳам дар нерӯгоҳи Норак садамаҳо рух дода буданд. Моҳи ноябри соли 2009 бар асари чунин як садама дар нерӯгоҳи Норак ҳудуди 70 фоизи қаламрави Тоҷикистон бе барқ монда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.