Рустами Эмомалӣ омодагии пойтахт ба ҷашни Наврӯзро месанҷад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе дар бораи даъвати иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  санаи 7 феврал қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, масъалаи асосии мавриди баррасии ҷаласа рафти омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни Наврӯз буда, дар ин хусус ҳисоботи муовини аввали раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода шунида мешавад.

Гуфта мешавад, ахири ҳафтаи сипаришуда раиси пойтахт аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус" боздид намуда, ба масъалаи вазъи кунунии парки мошину олотҳои корхона ва истифодаи самараноки воситаҳои нақлиётии мусофирбар, бахусус троллейбусҳо   мароқ зоҳир кард.

Гуфта мешавад, таъкид гардидааст, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр чандон ҷавобгӯи талаботи мусофирон набуда, беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад.

Дар ин зимн хотиррасон мебояд кард, ки бо дархости раҳбарияти нави шаҳрдории Душанбе Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Манзили дастрас»-ро ғайринақшавӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ин лоиҳа бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.

Ба гуфтаи муовини раиси Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода, санҷиши нақшавии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории Душанбе соли 2016 гузаронида шуда, санҷиши навбатӣ соли 2018 ба нақша гирифта шуда буд.

Дар лоиҳаи «Манзили дастрас» таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо манзилҳои нисбатан арзон дар хонаҳои баландошёна, ки дар маҳаллаи «Профсоюз» сохта мешаванд, пешбинӣ мешавад. Тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 манзилҳои аввал дар доираи ин лоиҳа бояд ба истифода дода мешуданд, вале сохтмони онҳо то ба ҳол ба итмом нарасидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...