БМТ меъёри бозтамвилро дар сатҳи 12,5% муқаррар кард

Шуъбаи матбуоти БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷиҳати тағйир додани меъёри бозтамвил ба андозаи 1,5 банди фоизӣ ва муқаррар намудани он дар сатҳи 12,5 фоиз қарор қабул намуд. Чунин қарор дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон 31 январи соли 2017 тасдиқ карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, қарори мазкур бо дарназардошти таҳлили вазъи иқтисоди берунӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди таваррум, дурнамо ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳдории таваррум дар сатҳи муътадил қабул гардид.

Дар соли 2016 бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ, сатҳи таваррум раванди боэътидол дошта, меъёри он 6,1 фоизро ташкил дод ва дар доираи нишондиҳандаи дар Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 муқарраршуда (дар сатҳи 7,0 фоизи солона) нигоҳ дошта шуд.

Тибқи дурнамо сатҳи таварруми солона дар семоҳаи аввали соли 2017 тамоили нисбатан муътадилро соҳиб гашта, дар атрофи 6,0 фоизи солона ва дар ҷамъбасти соли 2017 дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок – дар сатҳи 7,0 фоизи солона ба ҳадаф гирифта мешавад.

Гарчанде таваррум дар сатҳи муътадил пешбинӣ шуда бошад ҳам, дар иқтисодиёт хавфҳои эҳтимолии қурбию таваррумӣ вобаста аз таъсири омилҳои хусусиятҳои берунию дохилӣ мавҷуданд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирии интизориҳои манфии таъсири омилҳои зикргардида, амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ бо роҳи татбиқи сиёсати пайгиронаи қатъии пулию қарзӣ ва истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ (пулию қарзӣ) зарур мебошад.

Бахусус идомаёбии номуайянии вазъи иқтисодию молиявӣ ва геосиёсӣ, инчунин устувор гардидани қурби доллари ИМА дар миқёси ҷаҳон, эҳтимоли пайдо гардидани фишорҳои беруниро ба сатҳи нархҳои воридшаванда бо дарназардошти зиёд будани ҳиссаи молҳои воридотӣ дар сабади истеъмолӣ, ба вуҷуд оварад.

Дар баробари ин, таконҳои омилҳои ғайримонетарӣ, аз қабили болоравии тарифаҳои бархе аз хизматрасониҳо, инчунин таъсири омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ дар семоҳаи аввали сол ба сатҳи таваррум саҳм хоҳад гузошт.

Ҳамзамон, тағйир додани меъёри фоизи бозтамвил барои таҳкими механизми амалиёт дар бозори озод ва ҷоннок намудани фишангҳои фоизии он, нигоҳдории сатҳи оптималии нишондиҳандаи амалиётии монетарӣ ва раванди нишондиҳандаҳои пулӣ, танзиму идоракунии босамари пардохтпазирӣ дар ҳудудҳои нақшавӣ барои маҳдудсозии таъсири манфии омилҳои монетарӣ ба сатҳи таваррум равона гардидааст.

Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон инчунин қарорро доир ба нахуст ҷорӣ намудани фишанги нави сиёсати монетарӣ, амалиёти кӯтоҳмуддати бозтамвил – қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва муқаррар намудани меъёри фоизии фишанги мазкур дар сатҳи меъёри бозтавил ҷамъ +4,0 банди фоизӣ ба тасвиб расонид.

Мақсади асосии ҷорӣ намудани механизми қарзии мазкур аз таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии бозори пулӣ, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳо иборат аст.

Ҳамчун воситаи қарзии доимамалкунанда пешниҳоди қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт) ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад, ки норасоии пардохтпазирии дар давоми рӯз ҳангоми ҳисоббаробаркунии пардохтҳо ба вуқуъояндаро дарёфт ва рӯйпӯш намоянд ва ҳамзамон меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ ба танзим дароварда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...