Доруи нави ИМА барои муолиҷаи беморони сил дар Тоҷикистон

Date:

Иҷрокунандаи вазифаи муовини Роҳбари намояндагии ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Люси Жилка ҳамроҳ бо муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат, роҳбарияти муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, табибон, духтурони бемории сил ва ҷонибҳои манфиатдор барои ҷашни ҷорӣ намудани бедаквилин дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд. 

Ин аввалин доруи нав мебошад, ки аз соли 1960 боз барои табобати бемории сил тасдиқ шуд.  Ширкати дорусозии “Janssen Pharmaceuticals”, ки ширкати фаръии «Johnson & Johnson» аст, бедаквилинро барои табобати шакли мутобиқгаштаи бемории сил ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ихтироъ кард.  Ширкати “Janssen” ин доруи муҳим барои 30 ҳазор даври муолиҷаи силро ба кишварҳои мувофиқ тақдим намуд.  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ширкати “Janssen” барои ҷорӣ намудани бедаквилин дар Тоҷикистон тавассути Идораи USAID оид ба тандурустии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ менамояд.  Бедаквилин доруи нав мебошад, чунки аз охирҳои солҳои 1960 барои табобати бемории сил ягон доруи нав ихтироъ карда нашудааст. 

Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои бо сатҳи баланди паҳншавии шакли мутобиқгаштаи сил шомил аст ва теъдоди беморони шакли васеи мутобиқгаштаи сил, ки муолиҷаи муассири он дар кишвар дастрас нест, рӯ ба афзоиш аст.  Бедаквилин, ки ҳамчунин бо номи тамғаи молиаш “Sirturo” номида мешавад, эҳтимолияти бештар барои шифо додани беморони ин намуди сил дорад ва ба паст кардани паҳншавии шакли мутобиқгаштаи сил дар ҷомеа мусоидат мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тақсимоти ройгони ин дорувории муҳим зери роҳбарияти USAID дар чорчубаи “Барномаи тақдими бедаквилин” дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шарикон мегузарад.  Ин доруи нав барои вусъати зарфияти муолиҷа ва озмоишӣ роҳҳои нави табобати кутоҳтари шакли мутобиқгаштаи сил ҷорӣ мешавад.  Лоиҳаи “Даъват барои мубориза бар зидди бемории сил” шарики байналмилалии калидӣ дар ин талошҳо мебошад, ки аз ҷониби Бунёди ҳолландӣ оиди мубориза бо бемории сил “KNCV” татбиқ мешавад.

Бедаквилин аз ҷараёни тезонидашудаи тасдиқ барои истифода дар Иёлоти Муттаҳида моҳи декабри соли 2012 гузашт ва он барои табобати амрикоиҳо, ки шакли мутобиқгаштаи сил доранд, истифода мешавад.  Дар Тоҷикистон мувофиқи тавсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аввал панҷоҳ бемор барои давраи табобат бо истифода аз бедаквилин номнавис шуданд ва боз як саду панҷоҳ бемор дар соли 2017 табобат хоҳанд шуд.  Мутахассисони ботаҷриба ҷараёни муолиҷаро дар марказҳои тиббии махсусан ҷудошуда назорат мекунанд.

Лоиҳаи “Даъват барои мубориза бар зидди бемории сил” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID амалӣ мегардад.  Дар 25 соли охир Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 1,8 миллиард доллар барои барномаҳое тақдим намуд, ки ба мусоидат намудан ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона мебошанд.  Моҳи феврал Тоҷикистону Амрико 25-ум солгарди равобити дипломатиро таҷлил хоҳанд кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...