Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;

– Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои навбатии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9019 сомонӣ;

1 евро – 8.4953 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1296 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1993 – Ифтитоҳи намояндагии СММ дар Душанбе.

1998 – Ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст намояндагони мухолифин шомил гардиданд.

1999 – Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Дарвоз ба истифода дода шуд.

2010 – Дар Тоҷикистон шиносномаҳои биометрӣ ҷорӣ гардиданд.

2013 — Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои арзишашон 1 ва 2 дирамиро ба муомилот баровард.

1930 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев.

1930 – Мавлуди олими забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мадиброҳим Норматов.

1938 – Зодрӯзи журналист Турғун Дадабоев.

1950 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актриса Хадича Абуалимова.

1952 – Зодрӯзи Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, собиқ раиси шаҳри Душанбе.

1953 – Мавлуди журналист Давлаталӣ Раҳмоналиев.

1962 – Зодрӯзи Маҳмадалӣ Ватанов, ёвари Президенти ҶТ оид ба масоили ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти ҶТ дар Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона -3+2; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -7-12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон боришот (борон, барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барфи тар меборад, рӯзона бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...