Пулҳои қалбакӣ дар муомилот. Аз шаҳрвандон ҳушёрӣ дархост мешавад.

Asia-Plus

Ахиран дар муомилоти пулии Тоҷикистон ҳодисаҳои ошкор шудани пулҳои қалбакии 100 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти гардиши пул ва амалиёти хазинавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, пулҳои қалбакӣ дар хориҷи Тоҷикистон тайёр шуда, сипас ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд.

«Дар муқоиса бо дигар кишварҳо дар Тоҷикистон то ҳол ҳодисаҳои ошкор гардидани пулҳои қалбакӣ кам ба мушоҳида мерасиданд, аммо агар ин зуҳурот саривақт пешгирӣ нашавад, шумори пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад зиёд шавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми истифодаи пулҳо ба ҳар кадоме аз пул диққат додан зарур аст ва мувофиқи имкон ҳамаи амалиёти пулиро бо арзи миллӣ баргузор намуда, ҳангоми ошкор шудани аломатҳои шубҳанок дар онҳо, дарҳол ба сохторҳои наздиктарини ВКД ва КДАМ хабар додан зарур аст.

«Амалиёт бо арзи миллӣ ё хориҷӣ бояд танҳо тариқи бонкҳо ё марказҳои хизматгузорӣ дар онҳо гузаронида шуда, дар навбати худ бонкҳо барои муайян кардани аслӣ будани пул, ба истифодаи воситаҳои техникии муосир – мошинҳои ҳисобкун ва детекторҳо уҳдадоранд», – қайд кард манбаъ.

Аломатҳои фарқкунандаи пулҳои қалбакӣ бо арзиши – 100 сомонӣ аз пулҳои аслӣ инҳоянд:

– Қоғази пул аз ду қабат сохта шуда, дар байни қабатҳои коғаз баъзе аз унсурҳои ҳимоявӣ, аз ҷумла риштаи ҳимоявӣ бо тасмачаи полиэтилении шаффоф бо навиштаҷоти “БМТ” дар байни қабатҳои коғаз ҷой карда шудааст. Барои шабеҳ будан ба коғази пули аслӣ қоғази пули қалбакӣ бо моддаи кимиёвии номаълум коркард шудааст ва аз ҳамин лиҳоз дар зери таъсири нурҳои ултрабунафш ҷило намедиҳад.

– Аломати обӣ бо тарзи кашидани расм ё бо ёрии тамға тақлид карда шудааст, вале тобишҳои хоси суратро надорад.

– Резанавиштҳо дар рӯй ва паси пул воқеъ дар зери расми И. Сомонӣ ва болои бино (парапет)-и “Қасри Президент” тақлид карда шудаанд ва дар зери заррабин хонда намешавад.

– Дар таҳти нурҳои ултрабунафш чоркунҷаи флуорэссенсӣ воқеъ дар маркази рӯи рости пул ва ҳамчунин нахҳои ҳимоявӣ ҷило намедиҳанд.

– “Ситорача”-ҳои ҳаштгӯшаи дар поёни қисмати сафеди пул ҷойгиршуда дорои хосияти барҷастагӣ мебошанд, аммо  ҳангоми ламсидан барҷастагӣ ҳис карда намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.