Шаҳрдории Душанбе бо маоши камтар аз 100 доллар мутахассис меҷӯяд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ озмун эълон карда, маош ба мутахасисон аз 603 то 895 сомонӣ муқаррар шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 20 феврал дар бораи эълони озмун барои ишғоли 31 мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Хоҳишмандони иштирок барои ишғоли мансабҳои сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси раёсату шуъбаҳо бояд то 12 март ҳуҷҷатҳои худро ба шаҳрдорӣ пешниҳод карда, ҳамчунин ҳатман маълумоти олии касбӣ ва тибқи талаботи муқарраргардида ба мансаби интихобнамуда собиқаи корӣ дошта бошанд.

Музди меҳнати моҳонаи сармутахассис – 895 сомонӣ (112 доллар бо қурби Бонки миллӣ), мутахассиси пешбар – 733 сомонӣ (92 доллар) ва мутахассис – 603 сомонӣ (76 доллар) муқаррар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...