БМТ: Вазъ дар бозори асъор таҳти назорат аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳор мекунад, ки вазъ дар бозори дохилии асъор доимо таҳти назорат қарор дошта, ҳамарӯза пайгирӣ ва таҳлил мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан босубот ва устувор мебошад.

«Дар ҳамин давраи соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 10,6 фоиз ва қурби нақдии он 5,7 фоиз коҳиш ёфта буд, дар соли ҷорӣ бошад, коҳишёбии қурби расмӣ 1,7 фоиз ва қурби нақдии он 4,8 фоизро ташкил додааст», – омадааст дар маълумот.

Қайд мешавад, ки тағйирёбии аз эътидол беруни қурби пули миллӣ асосан дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд ҷой дошта, тағйирёбии қурбҳои он дар қисмати бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мӯътадил мебошад.

Тибқи таҳлилҳои БМТ, ҳаҷми асосии хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо таври ғайринақдӣ дар қисмати бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ (дар ду моҳи соли 2017 мувофиқан 20,1% ва 68,1%) анҷом дода шуда, қарордодҳои нақдӣ бошад, ҳиссаи ночизи онро (11,8%) ташкил менамоянд.

Гуфта мешавад, ҳиссаи асосии талабот ба асъори хориҷӣ барои пардохти арзиши воридоти мол (кор ва хизматрасониҳо) дар ин ду қисмати бозор бо қурбҳои мубодилавӣ нисбатан устувор қонеъ гашта, ин ҳолат ба яке аз омилҳои ҳалкунандаи мӯътадил боқӣ мондани нархҳо (сатҳи таваррум) дар ин давра табдил ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, пули миллии Тоҷикистон нисбати доллар босуръат беқурб шуда, танҳо тайи 3 рӯзи охир қурби фурӯши нақди доллар аз 8,12 сомонӣ то 8,16 сомонӣ барои 1 доллар боло рафтаааст. Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъор камбуди шадиди доллари амрикоӣ ба мушоҳида расида, доллар танҳо дар баъзе бонкҳо ба таври маҳдуд дода мешавад.

Чунин ҳолат барои пайдо шудани ба истилоҳ «бозори сиёҳи асъор» замина фароҳам меорад, яъне бо истифода аз вазъи ҷойдошта шахсони алоҳида метавонанд ба ҳаннотӣ машғул шуда, онро бо нархи баланд пешниҳод намоянд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, ба мубодилаи асъор танҳо дар воҳидҳои бонкҳо иҷозат дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...