Олимов доир ба наҷоти беш аз 3 млн. нафар аз нашъамандӣ дар паҳнои СҲШ

Котиботи СҲШ

Дар шаҳри Вена рӯзи 13 март ҷаласаи ҷашнии 60-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар доир гардида, дар ҳошияи он таҳти унвони «СММ ва СҲШ дар мубориза алайҳи маводи нашъаовар: таҳдидҳои умумӣ, амалҳои муштарак» чорабинии махсуси сатҳи баланд баргузор шуд. Зимни муроҷиат ба иштирокчиёни чорабинӣ дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов қайд кард, […]

Дар шаҳри Вена рӯзи 13 март ҷаласаи ҷашнии 60-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар доир гардида, дар ҳошияи он таҳти унвони «СММ ва СҲШ дар мубориза алайҳи маводи нашъаовар: таҳдидҳои умумӣ, амалҳои муштарак» чорабинии махсуси сатҳи баланд баргузор шуд.

Зимни муроҷиат ба иштирокчиёни чорабинӣ дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов қайд кард, ки «СҲШ аз замони таъсис масъалаи муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро яке аз вазифаҳои муҳими худ мешуморад».

«Заминаи маҷмӯавии меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба ҳамкории мутақобила дар ин самт имкон фароҳам оварда, дар ҳамин ҳол аз соли 2011 нақши «харитаи роҳ»-ро Стратегияи зидди маводи мухаддири кишварҳои узви СҲШ ва Барномаи амал барои татбиқи он иҷро мекунад», – иброз доштааст ӯ.

Олимов ҳамчунин зикр кардааст, ки тайи панҷ соли охир ба туфайли талошҳои муштарак зидди паҳншавии маводи мухаддир дар паҳнои СҲШ, наҷоти беш аз 3 млн. нафар аз вобастагӣ ба маводи нашъаовар муяссар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.