ВКХ Қазоқистон: литсейҳои туркӣ табдили ном ва ба корашон идома медиҳанд

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов изҳор доштааст, ки масъалаи фаъолияти литсейҳои қазоқӣ-туркӣ ҳаллу фасл шуда, онҳо ҷараёни тағйири мазмуну мундариҷаи таълимро гузаштанд ва акнун «Литсейҳои таълимӣ-инноватсионӣ» ном гирифтанд. «Онҳо тибқи барномаҳои дарсии дар Қазоқистон тасдиқшуда амал карда, таҳти раҳбарияти мақомоти маҳаллии иҷроияи дахлдор қарор доранд, – овардааст гуфтаҳои вазирро «Казинформ». – Ба ҳеҷ гуна […]

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов изҳор доштааст, ки масъалаи фаъолияти литсейҳои қазоқӣ-туркӣ ҳаллу фасл шуда, онҳо ҷараёни тағйири мазмуну мундариҷаи таълимро гузаштанд ва акнун «Литсейҳои таълимӣ-инноватсионӣ» ном гирифтанд.

«Онҳо тибқи барномаҳои дарсии дар Қазоқистон тасдиқшуда амал карда, таҳти раҳбарияти мақомоти маҳаллии иҷроияи дахлдор қарор доранд, – овардааст гуфтаҳои вазирро «Казинформ». – Ба ҳеҷ гуна дахолат ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар қаламрави Қазоқистон роҳ намедиҳем».

Хабаргузории «Фергана» хотиррасон мекунад, ки шурӯъ аз моҳи июли соли 2016 ҳукумати Туркия чандин маротиба аз Остона қатъи фаъолияти литесйҳои қазоқӣ-туркӣ дар шаҳрҳои ин кишварро дархост карда буд. Дар Анқара мутмаинанд, ки ҳамаи онҳо ба фаъолияти созмони Фатҳуллоҳ Гюлен алоқамандӣ доранд, вале ҳукуматдорони Қазоқистон ин дархостҳоро ба инобат намегирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.