Боздошти 2 нафар ба гумони даст доштан дар таркиши Қӯрғонтеппа

Зимни амалиёти махусуси кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон дар деҳаи Зарбдори наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа ба гумони даст доштан дар таркиш, ки шоми 12 март рух дода буд, 2 нафар – падару писар боздошт шуданд. Ному насаби онҳо ифшо намешавад. «Амалиёти махсус идома дорад, аз ин рӯ, мо алҳол доир ба дигар ҷузъиёти масъала маълумот дода наметавонем», […]

Asia-Plus

Зимни амалиёти махусуси кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон дар деҳаи Зарбдори наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа ба гумони даст доштан дар таркиш, ки шоми 12 март рух дода буд, 2 нафар – падару писар боздошт шуданд. Ному насаби онҳо ифшо намешавад.

«Амалиёти махсус идома дорад, аз ин рӯ, мо алҳол доир ба дигар ҷузъиёти масъала маълумот дода наметавонем», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Таркиш рӯзи 12 март назди биноҳои прокуратураи ҳарбӣ ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон рух дода, дар ҷойи ҳодиса ҷасади посбони 67-солаи литсейи технологии шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳасанбой Раҳимов дарёфт гардид.

Қаблан аз Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, ки ин мард тасодуфан қурбони ҳодиса шудааст.

«Марди ҳалокшуда ҷинояткор набуда, маводи тарканда махсус дар ҷойи намоён гузошта шуда буд, то ки роҳгузарон онро ба хубӣ дида, аз замин гиранд, – иброз доштанд дар Прокуратураи генералӣ. – Ҳангоми бозгашт аз мағоза Ҳасанбой Раҳимов бастаи шубҳанокро ба милитсия бурданӣ шуда, онро аз ҷояш мебардорад ва дар ин лаҳза таркиш рух медиҳад. Ба ҷойи ӯ каси дигар ҳам мебуд, чунин ҳодиса рух медод».

Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи «амали террористӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.