Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳои ИДМ дар Тошканд гирдиҳам меоянд

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 7 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Анвар Носиров зимни брифинг хабар додааст. Бино ба маълумоти Gazeta.uz, иштирокашон дар ин ҷаласаро вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроия […]

Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 7 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Анвар Носиров зимни брифинг хабар додааст.

Бино ба маълумоти Gazeta.uz, иштирокашон дар ин ҷаласаро вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев  тасдиқ намуда, Озарбойҷон, Молдова ва Туркманистонро муовинони вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа баррасии лоиҳаҳои 16 санади марбут ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳод дар бахшҳои сиёсати хориҷиву фарҳанг, ҳуқуқ ва бахши гуманитарӣ, таъмини амният, муқовимат ба даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва паҳншавии силоҳи қатли ом, таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъмини рушди босуботи кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ марҳилаи калидии омодагӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳод буда, дар як сол ду маротиба гузаронида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.