Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017»

АМИТ «Ховар»

Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» идома дорад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100- солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова бахшида шуда, он то 24 апрели соли равон идома меёбад.

Гуфта мешавад, фестивал-озмун бо спектакли ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ «Пизишки паррон», ба қалами Ж. Б. Молйер дар таҳияи Қурбони Собир оғоз гардид.

Қобили зикр аст, ки дар доираи кори ин фестивал-озмун то 24 апрел ҳамарӯза спектаклҳои беҳтарини театрҳои сарорсари ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.

Зикр мегардад, ки фестивали «Парасту-2017» бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ доир карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...