Форуми «Як камарбанд – Як роҳ» бидуни ҳузури раҳбарияти Тоҷикистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Рӯзҳои 14-15 май дар шаҳри Пекин Форуми "Як камарбанд – Як роҳ" баргузор мешавад.

Дар он дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, мудири Бунёди байналмилалии асъор Кристин Лагард ва президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким ширкат меварзанд. Шумори умумии иштирокдорони ҳамоиш ба беш аз 1,2 ҳазор нафар мерасад. Ҳайати Тоҷикистон дар он ҳузур надорад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Президенти Чин Си Ҷин Пин ба ҳамкориҳои зичтар дар Осиё ва Аврупо, аз ҷумла дар бахшҳои терроризм ва сиёсати молӣ даъват кард.

Ин даъвати Си Ҷин Пин дар форуми "Як камарбанд – Як роҳ" – мулоқоти раҳбарони 29 кишвари ҷаҳон сурат гирифт, ки ба эҳёи ба истилоҳ "роҳи бузурги Абрешим" – ташаббуси тиҷории Чин барои тақвияти нуфузи ҷаҳонии Пекин дар бахши савдо ва геополитика равона шудааст.

Пекин ваъда дод, барои ин ташаббуси худ, ки ба воситаи роҳу бандар ва шабакаи роҳҳои оҳану минтақаҳои саноатӣ Чинро бо Африқо, Осиё ва Аврупо мепайвандад, 124 миллиард доллари ИМА ҷудо хоҳад кард.

Си Ҷин Пин ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раҳбарони Русияву Туркия – Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон дипломатҳои ғарбиро бовар кунонд, ки ин нақша "кӯшиши мусоидат ба нуфузи Чин дар саросари ҷаҳон" нест.

Ба гуфтаи президенти Чин, тарҳи "Як камарбанд – Як роҳ" бо "роҳи қадимаи бозӣ миёни душманон" нахоҳад рафт. Баръакс ташкили шеваи нави ҳамкорӣ ва манфиати дутарафаро пешниҳод мекунад. Ӯ бар хилофи ваъдаи президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт, дар тиҷорату муносибатҳо манофеи кишварашро дар мадди аввал мегузорад, аз ҷаҳонишавии иқтисод ҳимоят кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...