Тоҷикистон аз ширкат дар нишасти САҲА даст кашид

Радиои Озодӣ

Намояндаҳои Тоҷикистон аз ширкат дар ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Венаи Австрия баргузор мешавад, даст кашидаанд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ба ҳамоиши “Ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатбор, ки ба терроризм мебарад” (Conference Preventing and Countering Violent Extremism and Radicalization that Lead to Terrorism) намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, Додситонии кулл, […]

Намояндаҳои Тоҷикистон аз ширкат дар ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Венаи Австрия баргузор мешавад, даст кашидаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ба ҳамоиши “Ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатбор, ки ба терроризм мебарад” (Conference Preventing and Countering Violent Extremism and Radicalization that Lead to Terrorism) намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, Додситонии кулл, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъватнома гирифта буданд.

Вебсайти САҲА хабар дод, ки ин нишаст ба хотири баррасии масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҷрибаи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин замина, ҳифзи озодии баён зимни мубориза бо ифротгароӣ дар Интернет, роҳҳои муосири ҷилавгирӣ аз ифротагроӣ ташкил мешавад. Дар нишасти САҲА қарор аст ҳама кишварҳои узви ин созмон иштирок кунанд.

Ду ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки аз ин мавзӯъ огаҳӣ доштанд, рӯзи 22 май гуфтанд, аз ширкат дар ҳамоиши Вена мақомоти расмӣ ва ҳам намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ худдорӣ карданд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, барои ширкат дар ин нишаст, раводид дастрас шуда билети сафар ҳам омода буд, вале дар охирин лаҳза даъватшудагон ба хулосае расиданд, ки дар ин нишаст иштирок намекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.