Дар обанбори Қайроққум 2 ноболиғ ва 1 хизматчии ҳарбӣ ғарқ шуданд

Хабаргузории "Озодагон"

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз дарёфти ҷасади ду ноболиғ ва як прапоршики 23-сола дар соҳили “Баҳри тоҷик” хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20 ва 21 май ғарқ шудаанд.

Шаҳзода Буттаева, сухангӯи Ситод дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ноболиғони фавтида бародарон Сардор Боймуродови 8-сола ва Марат Боймуродови 13-сола, сокининони деҳаи Дашқарантоғи шаҳри Конибодом будаанд: “Бародарон рӯзи 20 май ҳангоми чаронидани чорво дар соҳили “Баҳри тоҷик” ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Онҳо соати 14:00 ғарқ шудаанд, аммо ба ситод дер хабар расид ва ҷасади аввалиро соати 19:00 пайдо карданд”.

Хонум Буттаева афзуд, ҷавони 23-сола прапоршики яке аз қисмҳои низомии Суғд буда, рӯзи 21 май дар мавзеи обутобгоҳи кӯли “Лангар”-и шаҳри Гулистон ғарқ шудааст: “Прапоршик сару либосашро ба назди кӯл монда, ғайб задааст. Соати 20:05 шаби рӯзи якшанбе ҷасадаш аз мавзеи обутобгоҳ дарёфт шуд”.

Ба иттилои манбаъ, ӯ сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон будааст.

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз сокинон ва меҳмонони шимоли кишвар даъват мекунад, дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва “ҳангоми сархушу сармаст будан ба об надароянд”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.