АНОНС
– Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе ба кори худ идома медиҳад;
– Даври 13-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон: «Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ». Оғози бозӣ соати 18:00;
– Дар Гӯшаи амрикоии шаҳри Душанбе барои соҳибкорон маросими муаррифии лоиҳаи «Startup Challenge» доир мегардад. Оғоз соати 16:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8090 сомонӣ;
1 евро – 10.0167 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1456 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи ихтироъкорон ва ратсионализаторон.
1953 – Ифтитоҳи осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар ноҳияи Ҳисор.
1957 – Ҷашнвораи нахустини ҷумҳуриявии ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
2009 — Дар робита ба қатъи фаъолияти бозори Черкизовои шаҳри Маскав ҳудуди 10 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик бекор монданд.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +17+22.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.


