Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз кӯшиши қочоқи 553 адад телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy» ба шимоли ҷумҳурӣ, ки арзиши умумии онҳо зиёда аз 935 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пешгирӣ карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, шумори зиёди телефонҳои мобилӣ зимни муоинаи гумрукӣ дар бордони автомашинаи тамғаи «Опел Зафира» дар роҳи мошингарди Конибодом – Хуҷанд дарёфт шудааст.
«Моли мазкур ба шаҳрванди 30-сола Р. Ф. сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон, ворид намудааст», – омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, шаҳрванд Р. Ф. моли зеринро аз минтақаи наздисарҳадии деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз Қанибек ном шахс харидорӣ намуда ғайриқонунӣ онҳоро ба Тоҷикистон интиқол додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р. Ф. бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти прокуратураи вилояти Суғд қарор дорад.



