Ди Каприо Тоҷикистонро ба наҷоти бабрҳои барфӣ даъват кард

Радиои Озодӣ

Леонардо Ди Каприо, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд ва продюсери амрикоӣ, бо нашри як муроҷиатнома ба унвонии роҳбарони 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хост, ки барои ҳимоят аз бабрҳои барфӣ талоши бештар кунанд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ӯ охири ҳафтаи гузашта дар саҳифаи хеш дар шабакаи “Инстаграм” ва Твиттер навишт, насли бабри барфӣ бинобар вайрон […]

Леонардо Ди Каприо, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд ва продюсери амрикоӣ, бо нашри як муроҷиатнома ба унвонии роҳбарони 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хост, ки барои ҳимоят аз бабрҳои барфӣ талоши бештар кунанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ӯ охири ҳафтаи гузашта дар саҳифаи хеш дар шабакаи “Инстаграм” ва Твиттер навишт, насли бабри барфӣ бинобар вайрон шудани муҳити зист ва бархӯрди номуносиби одамон бо олами вуҳуш бо суръат маҳв мешавад.

Бабри барфӣ ё "паланги ширмол" ҷонвари нодирест, ки шикораш дар Тоҷикистон мамнӯъ аст. Ин ҷонвар ба китоби Сурхи Тоҷикистон дохил шудааст.

Леонардо Ди Каприоро дар Тоҷикистон бештар тавассути нақшаш дар филми “Титаник” мешиносанд. Аммо ӯ тайи солҳои охир бештар барои ҳифзи табиат иқдом карда, соли 2014 фиристодаи махсуси Созмони Милал дар масъалаи тағйири иқлим таъин шуда буд. Ҳоло ӯ бунёдеро сармоягузорӣ мекунад, ки ба ҳимоят аз бабрҳои барфӣ таъсис шудааст.

Ди Каприо аз роҳбарони 12 кишвар хостааст, барои ҳимоят аз бабри барфӣ иқдоми сареъ анҷом диҳанд. Муроҷиати ин ҳунарманди маъруф дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии ҳифзи бабри барфӣ ва муҳити зисти он сурат мегирад. Ин форум рӯзҳои 24-25-уми август дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, баргузор хоҳад шуд.

Леонардо Ди Каприо аз сарони кишварҳо хостааст, то намояндагонашон дар ҳамоиши Бишкек барои ҳифзи бабри барфӣ “ваъдаҳои мушаххас бидиҳанд”. Ӯ дар муроҷиаташ инчунин гуфтааст, ки давлатҳо бояд дар ҳимояи муҳити зисти бабри барфӣ низ иқдом кунанд, “зеро наҷоти насли бабри барфӣ аз он вобаста аст”.

Барномаи глобалии ҳимоят аз бабри барфӣ ва муҳити зисти он мегӯяд, дар Тоҷикистон аз 250 то 280 бабри барфӣ боқӣ мондааст ва кам шуданаш аз коҳиши туъмаи он ба мисли гӯсфанди Марко Поло ва бузи кӯҳӣ вобаста аст. Гуфта мешавад, саршумори Марко Поло ва морхӯр дар Тоҷикистон бинобар шикори густурда кам мешавад ва барои бабри барфӣ ғизое боқӣ намемонад.

Ин аст, ки бабри барфӣ маҷбур мешавад ба молу ҳайвоноти аҳлӣ ҳамла кунад ва дучори бархӯрд бо одамон шавад. Дар сомонаи ин барномаи байналмилалии наҷоти бабри барфӣ гуфта мешавад, дар натиҷаи бархӯрд бо одамон бабри барфӣ нобуд шуда, пӯст, дандон ва устухонҳояш қочоқ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.