Иброҳим Усмонов: Танҳо дар Осиёи Миёна дар маросими азодорӣ таом медиҳанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Журналисти маъруфи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳони ислом, ба ҷуз кишварҳои Осиёи Миёна, маросими азодорӣ бидуни забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Иброҳим Усмонов дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироти аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо […]

Журналисти маъруфи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳони ислом, ба ҷуз кишварҳои Осиёи Миёна, маросими азодорӣ бидуни забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Иброҳим Усмонов дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироти аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» дар бахши баргузории маросими дафну азодорӣ бидуни забҳи чорво ва додани таом, имрӯз дар аксари кишварҳои мусалмонӣ амал карда, танҳо кишварҳои Осиёи Миёна истисноанд.

«Дар давлатҳои арабӣ, Эрон ва бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ ҳангоми маросими азодорӣ мардум ба рӯҳу арвоҳи марҳум дуову фотиҳа мехонанд ва касе ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонад, ки дар ин маросимҳо таому зиёфате дода шавад», – гуфт ӯ ва қайд кард, ки дар ин маросимҳо изҳори ҳамдардӣ ва паҳлӯи азодор будану дастгирии ӯ бояд чизи асосӣ бошад.

Иброҳим Усмонов ҳамчунин пешниҳоди президентро доир ба минбаъд дар ҷумҳурӣ баргузор кардани тӯйи хатна танҳо дар доираи оила ва бе даъвати санъаткорон дастгирӣ мекунад, зеро «хатнасур маънои ба ислом пайваст шудани писарчаро дорад ва ин чорабинӣ танҳо хоси оила мебошад».

Ӯ хотиррасон намуд, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ аксари оилаҳо тӯйи хатнаи писаронро ҳамроҳ бо ба нафақа баромадани бобояш ё дигар маросиму ҷашнҳои оилавӣ баргузор мекарданд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи пешниҳодҳои президент, ҳамаи маросимҳои дафну азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бояд бидуни забҳи чорво ва додани таом баргузор карда шаванд. Дар дигар маросимҳои манъшуда, аз қабили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ куштани чорво ва додани таом манъ карда шудааст.

Дар лоиҳа тартиби нави баргузор кардани тӯйи хатна пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он минбаъд ин маросим бояд танҳо дар доираи оила ва бидуни даъвати санъаткорон гузаронида шавад.

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.