Русия ба ИМА тарки Афғонистонро тавсия медиҳад

Sputnik Тоҷикистон

Намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов гуфтааст, ниёзе ба ҳузури минбаъдаи низомиёни амрикоӣ дар хоки Афғонистон нест ва ИМА бояд нерӯҳои низомии худро аз хоки Афғонистон барорад. "Маскав ҳиҷ гоҳ Амрикоро барои баровардани нерӯҳояш аз хоки Афғонистон саросема накарда буд. Вале чун низомиёни амрикоӣ коре ҳам карда наметавонанд, пас бигзор аз хоки Афғонистон […]

Намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов гуфтааст, ниёзе ба ҳузури минбаъдаи низомиёни амрикоӣ дар хоки Афғонистон нест ва ИМА бояд нерӯҳои низомии худро аз хоки Афғонистон барорад.

"Маскав ҳиҷ гоҳ Амрикоро барои баровардани нерӯҳояш аз хоки Афғонистон саросема накарда буд. Вале чун низомиёни амрикоӣ коре ҳам карда наметавонанд, пас бигзор аз хоки Афғонистон берун оянд. Маъракаи Амрико дар Афғонистон ноком шуд", — хабар медиҳад Агентии иттилоотии Sputnik Тоҷикистон  бо такя ба маълумоти "Известия".

Ба гуфти сиёсатмадор, Афғонистон дар асл ба инкубатори теруриизми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва иваз кардани низомиёни касбӣ  ба зархаридони ширкати хусусии низомӣ вазъро беҳтар нахоҳад кард.

"ИМА ноумед аст ва нақшаи иваз кардани ҳарбиёни касбӣ ба зархаридон-беақлист. Ин пайомади хуше нахоҳад дошт: зархаридон фирор хоҳанд кард", — қайд кард Кобулов.

Ёдрас мешавад, ки нерӯҳои низомии ИМА аз соли 2001 инҷониб дар хоки Афғонистон ҳузур доранд. Дар айни замон дар хоки Афғоистон 8,5 ҳазор низомии амрикоӣ ба сар мебарад. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳузури ИМА нафъе ба Афғонистон наовардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.