Ҷасадҳои афроди маъруф аз боғи Айнӣ пинҳонӣ кӯчонида шуданд

Манижа Қурбонова, Asia-Plus

Дар бораи пинҳонӣ кӯчонидану дар дигар ҷой гӯронидани ҷасадҳои афроди маъруф аз боғи Айнӣ ба «Азия-Плюс» яке аз хешу ақрабои онҳо хабар дод. Ӯ аз он дар шигифт аст, ки баъди воқеа ба онҳо хабар додаанд.

Пайвандону наздикони Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафиро дар бораи ба қабристони Лучоб кӯчонидани ҷасадҳо баъди сурат гирифтани воқеа огаҳ кардаанд.

«Ман он ҷо рафтам, моро аз ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъди воқеа огоҳ карданд, – гуфт яке аз хешу ақрабои онҳо. – Моро ба он ҷо даъват накарданд, ки аз ин норозием. Ҳарчанд мансабдорон мегӯянд, ки гӯё ин ҷо макони фароғату истироҳат мешаваду кӯчонидани ҷасадҳо ба хотири эҳтироми ёдбуди наздикони мо сурат мегирад, ба ҳар ҳол, фикр мекунам, ки ин амал нодуруст аст, зеро замони шӯравӣ дар ин боғ макони бозии кӯдакон ва гулгашти ёдбуд ҳам буд».

Бино ба иттилои манбаъ, сабаби даъват нашудани онҳо яқинан ба изҳороти норозиёнаи хешовандаон дар ВАО марбут аст.

«Фаҳмидам, ки ин ба касе дар боло хуш наомадааст, ҳарчанд ёвари президент Абдуҷаббор Раҳмон вақте моро дар Академияи илмҳо ҷамъ карда буд, ваъда дод, ки ҳангоми ба ҷойи дигар кӯчонидани ҷасадҳо моро даъват мекунад», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, касе аз намояндагони ҳокимият гуфтааст, вақте гӯрҳои наздикони моро мекофтаанд, муллоеро даъват кардаанд, ки дуо хондааст. «Ман ба ин шубҳа дорам, зеро ин кор хеле махфӣ анҷом дода шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.