Саҳми муҳоҷирони тоҷик ба ММД Русия ба 17 млрд. доллар расид

Asia-Plus

Саҳми муҳоҷирони кории тоҷикро дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Русия дар соли гузашта дар ҳаҷми қариб 1 млрд. рубл арзёбӣ кардаанд, ки ин беш аз 17 млрд. долларро ташкил медиҳад.

«Саҳми муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар ММД-и Русия дар соли 2016 наздики 1 триллион рубл ё худ 1,2% аз ҳаҷми умумии онро ташкил дод», – гуфта мешавад дар таҳқиқоти Раёсати таҳлили мушкилоти иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ.

Муаллифони таҳқиқот муқаррар кардаанд, ки маоши муҳоҷирони байнулмилалии корӣ аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи шаҳрвандони Русия 20-25% камтар аст, ки аз таъсири начандон назарраси он ба сатҳи пардохти маоши аҳолии маҳаллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Зикр мегардад, ки натиҷа ва хулосаҳои таҳқиқотро мақомоти ҳокимияти Тоҷикистону Русия зимни асосноккунӣ ва роҳандозии сиёсати муҳоҷират, таҳияи пешниҳод оид ба такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамгиройӣ дар доираи ИДМ ва дигар ҷараёнҳои ҳамгиройӣ дар ин минтақа истифода карда метавонанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот зимни кори семинар дар мавзӯи «Таъсири муҳоҷирати кории байнулмилалӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Русия», ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, пешкаши умум гардонида шуданд.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ҳузур доранд. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан наздики 1 млрд. доллар маблағ фиристоданд, ки қариб ба сеяки ММД-и Тоҷикистон дар соли 2016 баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.