Куштори бесарусадо дар шаҳри Турсунзода: ҳама хомӯшанд

Asia-Plus

Дар шаҳри Турсунзода моҳи ноябр пешхизмати яке аз тарабхонаҳои маркази шаҳр кушта шуд.

Ҷавоне бо номи Дмитрий шабона дар хонааш, ки дар микрорайони 2-юми шаҳр иҷора гирифта буд, бо корд ба қатл расонида шуд. Аз ин ҳодиса аллакай як моҳ сипарӣ шуд, лекин дар ин бора маълумоти муфассал дастрас нест.

Маълумот доир ба боздошти гумонбар ба куштори пешхизмат ва айни замон ҷараён доштани тафтишоти ин ҳодисаро дар ВКД ҷумҳурӣ тасдиқ карданд, аммо ҳеҷ кас расман дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати боздоштшуда маълумот намедиҳад. Ҳамчунин аз манбаъҳои ғайрирасӣ маълум аст, ки гумонбаршуда аллакай ба гуноҳаш иқрор шудааст.

«Гумонбаршуда гӯё яке аз дӯстонаш будааст, ки марҳум ба ӯ ҳатто калиди хонаашро бовар мекардааст», – гуфт манбаъ, вале ин далелро алҳол мақомоти милитсия тасдиқ накардааст.

Аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ маълум аст, ки синни Дима каме бештар аз 30-сола буда, кайҳо боз дар чойхона-тарабхона ба сифати ёвари ошпаз ва пешхизмат машғули кор ва супоришҳои гуногуни маъмуриятро иҷро мекардааст.

«Ӯ танҳо зиндагӣ мекард, шахси оромтабиату хоксор ва тарбиядида буд, – гуфт манбаъ. – Дима пул ҷамъ мекард, то ки дар Душанбе хона харида, барои кор ба пойтахт кӯчад. Яке аз фарзияҳои куштор – маҳз бо мақсади ғоратгарӣ аст».

Дар прокуратураи шаҳри Турсунзода дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки «аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дошта, ба баъзе ҷузъиёт рӯшанӣ андохтан лозим аст, аз ин рӯ, алҳол аз ифшои маълумот худдорӣ меварзанд».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳриТурсунзода ҳодисаи куштори духтари ҷавон аз ҷониби ду наврасро рӯйпӯш мекарданд. Танҳо баъди аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудан ба ин далел, маълумот ба маърази умум гузошта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.