Дар Русия кор кардан мехоҳӣ? Қоидаҳои ҳузури қонуниро бидон

Русия ҳамасола назорат аз болои раванди муҳоҷиратро тақвият медиҳад. Риоя накардани қонунгузории муҳоҷират ба ихроҷ аз Русия ва манъи вуруд ба муҳлати аз 3 то 5 сол боис мегардад. Мо дар бораи чӣ гуна дар Русия қонунӣ ҳузур доштан инфографика омода намудем. Ҳамчунин аз хотир намебарорем, ки назорати иҷрои қонуни муҳоҷират бахусус соли 2018 дар […]

Заррина Эргашева, Парвиз Турсунов, Asia-Plus

Русия ҳамасола назорат аз болои раванди муҳоҷиратро тақвият медиҳад. Риоя накардани қонунгузории муҳоҷират ба ихроҷ аз Русия ва манъи вуруд ба муҳлати аз 3 то 5 сол боис мегардад. Мо дар бораи чӣ гуна дар Русия қонунӣ ҳузур доштан инфографика омода намудем.

Ҳамчунин аз хотир намебарорем, ки назорати иҷрои қонуни муҳоҷират бахусус соли 2018 дар робита ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – FIFA-2018, ки аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия доир мегардад, пурзӯртар карда мешавад.

Вобаста ба ин, бо фармони президенти Русия Владимир Путин, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, бояд дар муддати 1 шабонарӯз худро ба қайди муҳоҷират гузоранд.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018-ро 11 шаҳри Русия қабул мекунанд: Москва, Санкт-Петербург, Калининград, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.