Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?

Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз манбаъҳои даромад барои сокинони Тоҷикистон аст. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳар сол тақрибан 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷи кишвар мераванд. Дар аксар ҳолат, ҳадафи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷамъ кардани пул барои хариди хона, мошин ё баргузории тӯй мебошад. "Азия-Плюс" ҳисоб кард, ки як муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳисоби миёна чӣ […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз манбаъҳои даромад барои сокинони Тоҷикистон аст. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳар сол тақрибан 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷи кишвар мераванд. Дар аксар ҳолат, ҳадафи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷамъ кардани пул барои хариди хона, мошин ё баргузории тӯй мебошад.

"Азия-Плюс" ҳисоб кард, ки як муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳисоби миёна чӣ қадар бояд кор кунад, то барои хариди хона дар Душанбе пул ҷамъ кунад. Бояд гуфт, ки ин ҳисоботи миёна ва аст ва вобаста ба шароит ва маоши муҳоҷир метавонад, ки фарқ кунад.

Агар қаблан аксари тоҷикон бештар бар Русия ба кор мерафтанд, ҳоло "харитаи муҳоҷират"-и онҳо васеътар шудааст: имрӯз муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрико низ кор мекунанд. Барои хариди хона бошад, муҳоҷири меҳнатӣ дар кишварҳои гуногун бояд аз 1 то 13 сол кор кунад. 

Барои ҳисоб мо нархҳои миёнаи хонаҳои 1-ҳуҷрагӣ, 2-ҳуҷрагӣ ва 3-ҳуҷрагиро дар Душанбе ва даромади миёнаи муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия, Англия, ИМА, Олмон, Туркия в Корея истифода бурдем. Андоз ва хароҷоти рӯзгор ба инобат гирифта нашудаанд.

Барои муайян кардани арзиши хона дар пойтахт аз сомонаи Somon.tj истифода бурдем. Ҳамин тавр, арзиши миёнаи 1-ҳуҷрагӣ наздики 52 ҳазор, 2-ҳуҷрагӣ – 82 ҳазор ва 3-ҳуҷрагӣ 99 ҳазор доллари ИМА ҳисоб шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.