Оксфам дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ шабакаи оби нӯшокиро ба истифода дод

Иттилоияи расмӣ

Бо маблағгузории Раёсати Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ(SDC), Шӯъбаи Ассотсиатсиаи Оксфам дар деҳаи Тезгари Поёни ҷамоати Рӯдакӣ шабакаи оби нӯшокиро сохта ба истифода дод. Ин деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ 20 км дуртар аз Душанбе ҷойгир аст, аммо сокинон, тӯли даҳсолаҳо аз шабакаи кӯҳна, ки пурра фаъолият намекард, истифода мебурданд.  

Шабакаи обтаъминкунӣ бо иқтидори 40 м³ / соат сохта шудааст, ки ба 573 хоҷагӣ (3148 нафар аҳолӣ) об таъмин мекунад. Дарозии шабака 1829метр буда, дар маҷмӯъ аз қубурҳои қутрашон аз 40 то ба 125мм иборат мебошад.  Шабака ба ҳама хоҷагиҳо, муассисаи таҳсилоти миёна ва хонаи саломатӣ бо чумакҳо пайваст шуда, бо обсанҷҳо васл шудааст.

Дар илова, шабака бо таҷҳизоти бактериосидӣ васл шудааст, ки обро пеш аз ба шабака ворид кардан,  бо ишқори фотокимиёвӣ аз микоробҳо безарар мекунад.

Қобили қайд аст, ки сохтмони шабакаи мазкур аз ҷониби мақомоти ноҳиявӣ ва  саҳми худи ҷамоа саҳмгузорӣ шудааст ва тақрибан 102 617 сомониро ташкил медиҳад. Арзиши умумии буҷаи система 1,802,788 сомонӣ аст.

Таҳти лоиха,  197 омӯзишҳо оид ба гигиена ва беҳдошт, бемориҳои ба воситаи оби ифлос гузаранда, байни сокинони деҳа ва талабагони муассисаи таълимӣ гузаронида шуда, наздики 2,118 хонанда ва сокинон фаҳмиши худро оид ба мавзӯҳои номбурда беҳтар намуданд.

Ҳоҷатхонаҳо дар муассисаи таълимӣ ва хонаи саломатӣ  сохта шудаанд, ки бо меъёр ва талаботи байналмилалии қабулшуда аз ҷумла ба Хартияи гуманитарӣ ва стандартҳои аввалиндараҷаи гуманитарӣ мувофиқат мекунанд

Устуворӣ

Иштироки мунтазами намояндагони ҷамоат, меҳнати дастаҷамъонаи сокинони деҳа ба воситаи ҳашар ва муайян намудани нуқтаҳо барои васли ҷумакҳо, шаффофиятро дар иҷроиш ва қабули қарорҳо ҳангоми сохтмон таъмин намуд.

Аъзоёни Ассотсиатсияи Истифодабарандагони Об (АИО) дар деҳа таъсис дода шуда,  аз сокинони маҳал иборат аст ва барои нигоҳубини шабака мусоидат менамоянд.

Сафарбек Чаққалов, вакили деҳаи Тезгари Поён: Дастрасӣ ба шабакаи оби тоза ин ҳуқуқи инсонии ҳар як сокин, беҳтар шудани гигиена ва беҳдоштро фароҳам овард. Сохтмони ин иншоот таҳти чаҳорчӯбаи "Даҳсолаи байналмилалии Об барои рушди устувор" мебошад.

Маълумотнома:  Шӯъбаи Ассотсиатсиаи Оксфам дар Тоҷикистон аз соли 2001 то ба инҷониб дар самти гендер ва адолати иқтисодӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таъмини оби нӯшокӣ, гигиена ва беҳдоштр амал мекунад. Оксфам дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ фаъолият карда ва бо як қатор шарикони рушд  ҳамкорӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии СММ консенсуси "Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”"-ро барои солҳои 2018-2028", ки аз ҷониби 177 кишварҳои узв ҷонибдорӣ шудааст, қабул кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.