Анҷоми муваффақонаи лоиҳаи дастрасии сокинони ноҳияи Носири Хусрав ба оби нӯшокӣ

Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон ва Ташкилоти Ғайридавлатии  Башардӯстонаи  Куриёгӣ «Международное Добрососедство» барномаи “Баланд бардоштани Дастрасӣ ба Оби Тозаи Нӯшокӣ”-ро барои зиёда аз 6 000 (шаш ҳазор) сокинони ноҳияи Носири Хусрав бо муваффақият ба анҷом расониданд. Агентии Ҳамкории Байналмиллалии Куриё (KOICA) барои ин лоиҳа кӯмаки грантӣ ба маблағи 200,000 доллари ИМА, дастрас намуд. Лоиҳа дар […]

Asia-Plus

Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон ва Ташкилоти Ғайридавлатии  Башардӯстонаи  Куриёгӣ «Международное Добрососедство» барномаи “Баланд бардоштани Дастрасӣ ба Оби Тозаи Нӯшокӣ”-ро барои зиёда аз 6 000 (шаш ҳазор) сокинони ноҳияи Носири Хусрав бо муваффақият ба анҷом расониданд. Агентии Ҳамкории Байналмиллалии Куриё (KOICA) барои ин лоиҳа кӯмаки грантӣ ба маблағи 200,000 доллари ИМА, дастрас намуд.

Лоиҳа дар асоси муроҷиати 10 000 (даҳ ҳазор) сокинони ҷамояти Фирӯза, ноҳияи Носири Хусрав, бо дархости оиди кӯмак намудан бо танзим намудани системаи таъмини об оғоз шуда буд, зеро онҳо маҷбур буданд, ки оби нӯшокиро харидорӣ намуда аз дигар маҳалҳои аҳолинишини дурдаст кашонанд. Аз он ҷумла, дар ин минтақа як қисми заминҳои корам бе обёрӣ монда буданд ва дар ин ҷо дараҷаи аз ҳама баланди бемориҳои сироятӣ аз сабаби истифода намудани оби ифлос қайд карда шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳа ташкилоти “Good Neighbors” моҳи апрели соли 2017 як қатор корҳои тадқиқотӣ анҷом дод. Баъд аз ин, ташкилот як чоҳи обро тоза намуда 3 манораи обфишор афрохта ва аз ду тараф қубурҳои обгузар бо масоҳати 22 км гузаронида шуд ва 140 нуқтаи обрав дар 6 деҳаи ноҳияи Носири Хусрав насб карда шудаанд. Инчунин кумитаҳои махсус оид ба об аз қатори роҳбарон ва фаъоли ҷомеаи маҳаллӣ бо мақсади самаранок ва эҳтиёткорона истифода намудани системаи таъмини об таъсис карда шуданд.

Бо анҷомёбии лоиҳаи мазкур, зиёда аз 6,000 сокинон, аз ҷумла 3,000 кӯдакон имкони беҳтар намудани сатҳи зиндагиашонро ба даст меоранд. Дар гузашта, қисми зиёди оилаҳо аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ азоб кашида ва маҷбур буданд, ки аз оби аз каналу ҷӯйборҳо гирифта, ки барои саломатиашон хатарнок аст, истифода намоянд. Ғайр аз ин кӯдакон ва занон маҷбур буданд, ки обро аз маҳалҳои дурдаст ба ҷойи зисташон кашонанд. 

Соли 2016 Сафорати Ҷумҳурии Куриё ва Ташкилоти “Good Neighbors” ҳамин гуна лоиҳаро дар ҷамоатҳои Хокак ва Бешкаппаи н. Шаҳритуз бо кӯмаки грантии KOICA бо маблағи 100,000 доллари ИМА амалӣ намуд, ки аз он зиёда аз 11,000 сокинон баҳра мебаранд. Ғайр аз ин, Ташкилоти “Good Neighbors” барои 9,000 сокинони ҷамоати Наврӯзи н. Носири Хусрав бо кӯмаки молиявии 138,568 доллари ИМА таъмин намуданд.

Маросими расмии анҷоми лоиҳа рӯзи 5-уми Декабри соли 2017 бо иштироки Вакил дар коргузории Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон ҷаноби Ли Вучёл, роҳбари Ташкилоти «Международное Добрососедство» Ли Бенгчан, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияи Носири Хусрав, раисони маҳалҳои аҳолинишин ҷамоати Фирӯза ва сокинони маҳаллӣ гузаронида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.