Ӯзбекистон ба муҳлати 30 рӯз раводиди сайёҳӣ ҷорӣ кард

Дар Ӯзбекистон ба ивази раводиди 7-15-рӯзаи пешин ба муҳлати 30 рӯз раводиди ягонаи сайёҳӣ ҷорӣ шуд. Бино ба иттилои UzReport бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии Ӯзбекистон, қаблан сайёҳон ба муҳлати 7 ё 15 рӯз раводидҳои гуногун мегирифтанд ва агар бо сабабе бозгашташон тӯл мекашид, муҳлати раводидро дароз мекарданд. Мансабдорон бар ин назаранд, ки раводиди […]

Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон ба ивази раводиди 7-15-рӯзаи пешин ба муҳлати 30 рӯз раводиди ягонаи сайёҳӣ ҷорӣ шуд.

Бино ба иттилои UzReport бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии Ӯзбекистон, қаблан сайёҳон ба муҳлати 7 ё 15 рӯз раводидҳои гуногун мегирифтанд ва агар бо сабабе бозгашташон тӯл мекашид, муҳлати раводидро дароз мекарданд.

Мансабдорон бар ин назаранд, ки раводиди нав ба муҳлати 30 рӯз ба камшавии чунин ҳолатҳо мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, арзиши ба расмият даровардани раводид барои сайёҳони инфиродии хориҷӣ аз 60 то 40 доллар поин бурда шуда, шумори ҳадди ақал ҷиҳати ба даст овардани раводиди гурӯҳии бештар муносиб аз 10 то ба 5 нафар кам шуд.

Гуфта мешавад, ин барои шаҳрвандони хориҷие, ки ҳамроҳ бо хешону пайвандон ё дӯстонашон аз Ӯзбекистон боздид карданӣ мешаванд, муносибтар ва қулай аст. Аксар вақт шумори ин гурӯҳҳо то 10 нафар намерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.