Эмомалӣ Раҳмон назди ҳизбаш вазифаҳои нав мегузорад

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи январ дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи пленуми ҳизбро баргузор мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабар дод, дар кори пленум бо иштироки раҳбарияти ҳизб, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз фаъолияти ҲХДТ давоми соли 2017 натиҷагирӣ шуда, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи январ дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи пленуми ҳизбро баргузор мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабар дод, дар кори пленум бо иштироки раҳбарияти ҳизб, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз фаъолияти ҲХДТ давоми соли 2017 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2018 муайян карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки ба масъалаи кор бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирии терроризму ифротгароӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и он ҷавононанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.