Тоҷикистон ба марз бо Афғонистон нерӯи иловагӣ намефиристад

Дар бахши сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагӣ ба қитъаи сарҳад бо Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод зарурате вуҷуд надорад. Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Тоҷикистон, шоми рӯзи 2 декабр дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии […]

Аваз Юлдошев

Дар бахши сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагӣ ба қитъаи сарҳад бо Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод зарурате вуҷуд надорад.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Тоҷикистон, шоми рӯзи 2 декабр дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид.

Марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии  сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, Сардори отряд  полковник Хайриддин Аҳтамов дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок ва чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд.

Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуданд. Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд. Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, гарнизони Хатлон, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст, барои ҳалли чунин масъалаҳо, аз ҷумла несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи марзшикан нерӯ ва воситаҳои зарурӣ дорад.

«Аз рӯи ҳодисаи рухдода ба ҷониби Афғонистон ёддошти расмӣ супурда шуда, тибқи маълумоте, ки ба мо расид, Кобули расмӣ аллакай макони эҳтимолии ҳузури қочоқбарони марзшиканро муайян ва ҳамаҷониба талош дорад, ки онҳоро безарар гардонад», – таъкид дошт манбаъ.

Ҳамчунин овозаҳо доир ба баъди ин ҳодиса дар сарҳад гӯё дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба истилоҳ «шикор»-и сохторҳои қудратӣ нисбати шаҳрвандони кишвари ҳамсоя, ки дар ҷумҳурӣ муваққатан қарор доранд, рад шуд.

«Афғонҳо чун шаҳрвандони ҳама гуна кишварҳо дар қаламрави Тоҷикистон бар асоси қонун ҳузур доранд ва набояд ягон ҳаросе дошта бошанд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.