Кормандони БДА дигар дар кӯчаҳои Душанбе навбатдорӣ намекунанд

Патрулҳо натанҳо риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, балки тартибот дар кӯчаҳои пойтахтро низ назорат мекунанд. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ танҳо дар роҳҳои протоколӣ боқӣ монда, автомашинаи Хадамоти назорати роҳ ё худ патрулҳо (ДПС) тартибот дар роҳу кӯчаҳоро назорат мекунанд. Дар пойтахт айни замон 10 адад чунин автомашинаҳо кор мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Патрулҳо натанҳо риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, балки тартибот дар кӯчаҳои пойтахтро низ назорат мекунанд.

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ танҳо дар роҳҳои протоколӣ боқӣ монда, автомашинаи Хадамоти назорати роҳ ё худ патрулҳо (ДПС) тартибот дар роҳу кӯчаҳоро назорат мекунанд. Дар пойтахт айни замон 10 адад чунин автомашинаҳо кор мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, ин лоиҳаи озмоишӣ аз якуми декабр алҳол танҳо дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор гирифт.

«Кормандони Хадамоти назорати роҳ ба ҷуз таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин ба тартибот дар кӯчаву хиёбонҳо аҳамият дода, дар сурати зарурат ба мушкилот расидагӣ мекунанд», – таъкид дошт Умарҷони Эмомалӣ.

Ба қавли номбурда, масалан агар автомашина дар ҷойи манъшуда гузошта шуда бошад, кормандони Хадамоти назорати роҳ метавонанд нисбати ронанда санад тартиб диҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар беҳтар роҳандозии кори Хадамоти назорати роҳ (ДПС) лоиҳаи «Шаҳри бехатар» низ кумак карда, яке аз ҳадафҳои аслии иқдоми мазкур кам кардани ҳолатҳои тамбашавӣ (пробка) дар роҳҳои пойтахт аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.