Кушта шудани собиқ президенти Яман зимни задухӯрди мусаллаҳона

Президенти пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи ҷонибдоронаш бо шӯришгарони ҳусӣ кушта шуд. Ҳусиҳо то чанде пеш ҳампаймони Солеҳ буданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндагони расмии Конгресси мардумӣ, ки онро Солеҳ раҳбарӣ мекард, гуфтанд, президенти пешини Яман дар натиҷаи як ҳамла дар ҷануби Санъо, пойтахти ин кишвар кушта […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи ҷонибдоронаш бо шӯришгарони ҳусӣ кушта шуд. Ҳусиҳо то чанде пеш ҳампаймони Солеҳ буданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндагони расмии Конгресси мардумӣ, ки онро Солеҳ раҳбарӣ мекард, гуфтанд, президенти пешини Яман дар натиҷаи як ҳамла дар ҷануби Санъо, пойтахти ин кишвар кушта шуд.

Раҳбари ҳусиҳо Абдулмалик ал-Ҳусӣ хабари кушта шудани Солеҳро "муҳим" номид. Вай гуфт, қасди ҳукумати Яманро ошкор кард, ки аз дастгириҳои эътилофи низомии ба раҳбарии Арабистони Саудӣ истифода мебурд.

Солеҳи 75-сола Яманро 30 сол раҳбарӣ кард. Ӯ соли 2012 дар натиҷаи эътирозҳои мардумӣ ва фишорҳои сиёсӣ аз мақомаш барканор шуд. Вале бо шӯришгарони ҳусӣ, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад, эътилоферо ташкил карда, шаҳри Санъоро то чанд рӯзи пеш идора мекард.

Шӯришгарони мавриди ҳимояти Эрон мегӯянд, Солеҳ ҳангоми сафар ба Арабистони Саудӣ кушта шудааст.

Ҷонибдорони Солеҳ то як ҳафта пеш ҳамроҳ бо ҳусиҳо зидди президенти кунунии Яман Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ меҷангиданд. Вале рӯзи чоршанбеи гузашта, миёни ҷонибҳо дар пайи ташаннуҷи тӯлонии сиёсӣ ва баҳсҳо атрофи масҷиди марказии Санъо, ки дар дасти шӯришгарон буд, задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин задухӯрдҳо дасти кам 125 одам кушта ва 240 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.