Парлумон пешниҳоди ҳукуматро доир ба ҳуқуқҳои ятимон қабул кард

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон» қабул кард, ки дар онҳо ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ба манзил ва таҳсили  бепул саҳеҳан муайян карда шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони кишвар дар ин робита хабар дод, имрӯз дар мактабҳои миёна 42 ҳазору 304 нафар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон» қабул кард, ки дар онҳо ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ба манзил ва таҳсили  бепул саҳеҳан муайян карда шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони кишвар дар ин робита хабар дод, имрӯз дар мактабҳои миёна 42 ҳазору 304 нафар ятимон таҳсил намуда, 1 ҳазору 821 нафар чунин кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд ва боз 154 нафар кӯдакон дар интернатҳо зиндагӣ мекунанд.

Аз шумори умумии дар боло зикршуда 2 ҳазору 162 нафар кӯдакон ятими кулл (бе падару модар) буда, боз 476 нафари  дигар бесаробон мондаанд.

Маҳз ҳамин кӯдакон, ки шумори умумиашон 2 ҳазору 638 нафарро ташкил медиҳад, мувофиқи тағйироту иловаи қабулшуда, ба гирифтани манзил аз давлат ва таҳсили бепул ҳуқуқ доранд.

Ғайр аз ин, онҳо ба истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳо ва музофоти гирду атрофи шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ ҳуқуқ пайдо карданд.

Кӯдаконе, ки яке аз волидонашон дар ҳаётанд, аз ин ба баъд чунин ҳуқуқҳояшонро аз даст медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.