Сафири Тоҷикистон дар Беларус ба нафақа фиристода шуд

Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Қозидавлат Қоимдодов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус, сафири Тоҷикистон дар Литва, сафири Тоҷикистон дар Латвия, сафири Тоҷикистон дар Эстония ва Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ҳақдод Маҳмадшариф […]

Asia-Plus

Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Қозидавлат Қоимдодов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус, сафири Тоҷикистон дар Литва, сафири Тоҷикистон дар Латвия, сафири Тоҷикистон дар Эстония ва Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус, ҳамзамон Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шуд.

Саидзода Зоҳир Озод муовини нави вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд. Аввали моҳи август ӯ аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва ҳамзамон дар Гурҷистон озод шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.