СММ: қариб 2,6 млн. нафар аҳолии Тоҷикистон ба камбуди ғизо дучоранд

Ба ҳисоби ФАО, барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон 815 миллион нафар, яъне 11 дарсади аҳолии сайёра ё ҳар нафари нуҳум азоби гуруснагӣ мекашанд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», Жозе Гратсиану да Силва, мудири кулли ФАО рӯзи 4 декабр дар Рум дар ҷаласаи Шӯрои Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони […]

Akhbor.com

Ба ҳисоби ФАО, барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон 815 миллион нафар, яъне 11 дарсади аҳолии сайёра ё ҳар нафари нуҳум азоби гуруснагӣ мекашанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», Жозе Гратсиану да Силва, мудири кулли ФАО рӯзи 4 декабр дар Рум дар ҷаласаи Шӯрои Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, баъди чанд даҳсолаи коҳиши шумораи гуруснагон сайёра дигарбора дар баробари тамоюли афзоиши теъдоди онҳое, ки ба камбуди ғизо рӯбарӯ мебошанд, қарор гирифтааст.

Низоъҳои мусаллаҳона, тағйири иқлим ва офатҳои табиӣ аз омилҳои умдаи дубора рӯ ба афзоиш овардани шумори мардуми гурусна дар ҷаҳон гуфта мешавад. Жозе Гритсиану дар муқобили ин чолиш хостори иқдомоти сареъи ҷомиаи байналмилалӣ шуд ва гуфт, танҳо бо рӯи даст гирифтани чунин тадбирҳои оҷил метавон ба ҳадафи асосӣ – комилан аз байн бурдани гуруснагӣ то соли 2030 – ноил гардид.

Владимир Рахманин, намояндаи минтақавии ФАО ба радиои Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ 14 миллион нафар азоби гуруснагӣ мекашанд: "Камбизоатӣ як мониаи ягона ва аз ҳама ҷиддӣ дар роҳи расидан ба амнияти ғизоӣ боқӣ мемонад. Вазъи аз ҳама бад дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки беш аз дувуним миллион нафар аз аҳолиаш ба камбуди ғизо рӯбарӯ мебошанд. Дар Узбекистон ҳудуди 2 миллион нафар ба камбуди ғизо рӯбарӯянд.”

Аз нигоҳи таносуби аҳолӣ вазъи Тоҷикистон дар муқоиса бо Узбекистони ҳамсоя боз ҳам вахимтар ба назар мерасад, чунки 2 миллион аҳолии гуруснаи Узбекистон ҳудуди 6 дарсад аз аҳолии он кишварро ташкил медиҳад. Вале дувуним миллионе, ки дар Тоҷикистон ба камбуди ғизо рӯбарӯянд, баробари тақрибан 30 дарсади аҳолии ин кишвар аст.

Коршиносони ФАО мегӯянд, шумораи гуруснагон дар дунё дар даҳсолаҳои охир пайваста коҳиш меёфт, вале дар солҳои 2014-2016 ҷомиаи байналмилалӣ дар мубориза бо гуруснагӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва теъдоди гуруснагон дигарбора рӯ ба афзоиш овард.

Ва аммо дар ҳоле ки шумори гуруснагон дар дунё меафзояд, дар кишварҳои ободу пешрафта як тамоюли баракс – пурхӯрӣ боз ҳам бештар ба чашм мерасад. Дар солҳои 2000-2014 шумори мардуми фарбеҳ 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Шумори аз ҳама бештари мардуми вазнашон аз меъёр зиёд дар Аврупои ҷанубушарқӣ ба сар мебаранд. Афзоиши сатҳи даромади аҳолӣ, ғизои калорияаш зиёд ва зиндагии беҳаракат аз сабабҳои асосии фарбеҳшавӣ ном бурда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.