Ду сокини Суғд барои қатли бераҳмонаи ронанда 25-солӣ зиндонӣ шуданд

Ду нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи ҷавони 21-сола, ки бо автомашинааш ба аҳолӣ хизматгузорӣ мекард, ҳар кадоме ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, куштор дар қаламрави ҷамоати Хистеварз сурат гирифта, зимни дар мошини сокини 21-солаи ноҳия Дилшод Ҳусейнзода қарор доштан, бар асари […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Ду нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи ҷавони 21-сола, ки бо автомашинааш ба аҳолӣ хизматгузорӣ мекард, ҳар кадоме ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, куштор дар қаламрави ҷамоати Хистеварз сурат гирифта, зимни дар мошини сокини 21-солаи ноҳия Дилшод Ҳусейнзода қарор доштан, бар асари муноқишаи байнашон рухдода онҳо ронандаро лату кӯб ва буғӣ карда, ҷасадро ба обанбор мепартоянд.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи кушташуда – «Опел-Астра»-ро дар қаламрави ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхта, пулро байни ҳамдигар тақсим мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки суд Озодбек Содиқови 22-сола, сокини ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ғайбулло Сатторови 21-сола, сокини ноҳияи мазкурро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷинои Тоҷикистон (одамкушӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба муҳлати 25 сол равонаи зиндон кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.