Узви гурӯҳи Мулло Абдулло ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон узви гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи замони ҷанги шаҳрвандиро ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, сокини 43-солаи ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нуробод Неъматулло Назиров замони даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ихтиёран ба дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Абдулло Раҳимов бо лақаби «мулло Абдулло», ки бо мақсади  ҳуҷум ба шаҳрвандон ё […]

Суди олии Тоҷикистон узви гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи замони ҷанги шаҳрвандиро ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, сокини 43-солаи ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нуробод Неъматулло Назиров замони даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ихтиёран ба дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Абдулло Раҳимов бо лақаби «мулло Абдулло», ки бо мақсади  ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот ташкил шуда буд, аъзо гардида, тибқи супориши роҳбари даста ба амалҳои ғайриқонунӣ даст мезад.

Ба иттилои манбаъ,  моҳи июни соли 1996 Назиров ва ҳаммаслаконаш дар ноҳияи Нуробод бо истифода аз силоҳи оташфишон ба автобуси мусофирбар ҳамла карданд, ки дар натиҷа 1 корманди ВКД ва 5 нафар мусофирон ҳалок, ҳамчунин боз 5 мусофири дигар захмӣ шуданд.

«Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди олии Тоҷикистон Неъматулло Назировро бо моддаҳои 74 ва 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.